Машқи ҳиҷрон дар канори баҳр мебояд кашид
Оҳ дар баҳр аз хумори баҳр мебояд кашид
Бар нахурд аз васли дарё аз тнки зарфии ҳубоб
Дом дар хӯрд шикори баҳр мебояд кашид
Шишау паймонаро бар тоқ мебояд гузошт
Май ба киштӣ дар канори баҳр мебояд кашид
Хешро зини хокдони афтону хезони ҳамчуи сайл
Дар канор бе ғубори баҳр мебояд кашид
Оҳи азин ғифлат ки дар оғӯши дарё ҳар нафас
Гарданӣ дар интизори баҳр мебояд кашид
Сайлро ин хокдон ҳар дам ба рангӣ ме кунад
Рахт дар доролқрори баҳр мебояд кашид
Қатра бе зарфи моро дар таманнои гуҳар
Талхкомӣ аз қарори баҳр мебояд кашид
Водии хунхор дунё нест ҷои дам задан
Ин нафасро дар канори баҳр мебояд кашид
Ҳиммат аз мавҷи сабки парвоз мебояд гирифт
Доми худ дар раҳгузори баҳр мебояд кашид
Чун насузад кишти умедам , ки аз мавҷи сароб
Нози теғи обдори баҳр мебояд кашид
Нест осони панҷа бо ишқи қавии бозу задан
Қатраро дар зери бори баҳр мебояд кашид
Монеъаст аз васли уқбои ҷилваи дунёии пуч
Пардаи каф аз изори баҳр мебояд кашид
Хок май бояд ба лаб молида ва онгаҳ чун канор
Бодаҳои хушгувори баҳр мебояд кашид
Бар умеди абри гавҳарбор , соиб чун садаф
Тишнагӣҳо дар канори баҳр мебояд кашид