Рӯз равшан мекунад чун лола май дилро сиёҳ

Дар шаби торик бояд бода равшан кашид

Бар наомад аз зибардастон касе бо осмон

Гӯш то гӯши ин камонро оҳи гарм ман кашид

Пеши азин май рехтам дар реги равғанро чу об

Ин замон аз рег май бояд маро равған кашид

Аз қаноат беш шуд миннати пазирӣҳои ман

Бояд аз ҳар дона акнӯн нози сад хирман кашид

Аз маломат тарк натавон кард шуғли ишқ ро

По ба захм хор натавон соиб аз гулшан кашид

То азин вайронаи он хуршеди рӯ доман кашид

Оҳи майли оташин дар дида равзан кашид

Дар дили сахти туро ҳам нест , варна ҷазби ман

Борҳои оташи зснгу об аз оҳан кашид