Аз гаронон ҳар ки чун анқо гронҷонӣ кашид
Бори кӯҳ қоф битавонад ба осонӣ кашид
Пеши он тоқи ду абрӯ бар замин на пушти даст
Қибла худ кун камонеро ки натавонӣ кашид
Хӯн арақ кардам задасту пои битобӣ задан
То чу қурбонии сару корам ба ҳайронӣ кашид
Дар ғубори хат ниҳон гардид он лабҳои лаъл
Ганҷи рахт аз бими чашми бад ба вайронӣ кашид
Хоксорӣ мекунад афтодагонро сарфароз
Вақти он каси хуш ки ин сандал ба пешонӣ кашид
Рӯзи маҳшарро кунад шаб , номаи ношстаҳ аш
Ҳар ки даст аз домани ашк пушаймонӣ кашид
Ишқ соиб мешавад зоҳир ба ҳар сӯрат ки ҳаст
Ин май пурзӯрро натавон ба пинҳонӣ кашид