Дар он маҷлис ки аз мастии рахти тоқат гудоз уфтад

Агар хуршеди тобони чеҳраи афрӯзад ба газ уфтад

Алоҷи ман ҳамон аз чашми бемор ту ме ояд

Куҷои дарди муҳаббатро масеҳои чора соз уфтад ?

Ба домони ғурури оби замзам гирд нанишинад

Агар сад ташна аз по дар биёбон ҳиҷоз уфтад

зи захми ханҷари алмос паҳлу мекунӣ холӣ

Чаҳ хоҳӣ кард агар карт ба мижгон дароз уфтад ?

Ҳуҷуми биқророни теғи ғайрати барнамеи тобад

Мабодои дидаи Маҳмӯд бар зулф Аёз уфтад

Аҷаб набӯд каз он рӯ об мегардад дили соиб

Ҳаво чун оташин шуд нахли мумин дар гудоз уфтад