Сиришки талхи ман дар гунбад хзро наме гунҷад
Ки май пурзӯр чун афтод дар мино наме гунҷад
Ба берангӣ қаноат кун агар бо ишқи икрнгӣ
Ки ҳарҷо ишқ омад ранг дар симо наме гунҷад
намедонам чаҳ хоҳад буд аҳволи гарони ҷонон
Ки танҳоӣ дар он ваҳдати саро танҳо наме гунҷад
Маро кард аз ватани овораи охири ҷавҳари зотӣ
Ки гавҳар чун ятем афтод дар дарё наме гунҷад
Далелӣ бар шикваи ишқи азин афзӯн наме бошад
Ки маҷнӯн бо камоли заъф дар саҳро наме гунҷад
Бурун то рафтам аз худ танг шуд рӯй замин бар ман
Ки аз худ ҳарки берун рафт дар дунё наме гунҷад
Агар байъона хоҳад зулф ӯ ақлу дилу дайн ро
Бидиҳ соиб ки чанд ва чун дарин савдо наме гунҷад