Агар аз пардаи зулфи сияҳи рӯйиш аён гардад

Ҷаҳон аз хандаи барқи таҷаллӣ гулистон гардад

Нигаҳ дорад худо аз чашми бад , ҳайроне дорам

Ки ашки грмрў дар чашми ман хоб гарон гардад

Чаҳ хоҳад буд ҳоли киштӣ бе нохудои мо

Дар он дарёии пуршӯраш ки лангар бодбон гардад

Ба некон ҳар ки биншинад , бидонро неки пиндорад

Нишинад бо бидон ҳар кас , ба некон бадгумон гардад

Чаро овора ӯ фикри хон ва мон кунад соиб ?

Чаро дар фасли гули булбул ба гирд ошён гардад ?