Мубини густох дар рӯйиш чу машк андӯд ме гардад

Ки хол ӯ зи хати занбӯр хок олуд ме гардад

зи савдо дар димоғами накҳати гул дӯд ме гардад

Ба чашмами сарви бустони теғ заҳролӯд ме гардад

Хамӯшӣ сӯхт дар дили решаи оҳи надомат ро

Агарчӣ дӯд беш аз равзан масдӯд ме гардад

Макун аз оҳи дардолӯди манъи ман дарин маҷлис

Ки миҷмари бори хотрҳост чун бедӯд ме гардад

Миндиш аз сипеҳру ҳамла ӯ чун шудӣ ошиқ

Ки дар хуршеди ишқи ин сояҳо нобӯд ме гардад

Бағал во карда метозад ба истиқболи марги худ

Дили ҳаркас ба марги дайгарӣ хушнӯд ме гардад

зи хомӣ дил надорад изтироб аз ишқ ӯ , варна

Кабоби пухта аз паҳлу ба паҳлу зуд ме гардад

намедонам кадомин сайди фурсати ҷуста аз домаш

Ки дил дар синаам чун шер хашм олуд ме гардад

Чунин каз бандагӣ чун бандаи коҳили гурезоне

Куҷо дар дили турои андеша маъбуд мегардад ?

Ба ман ин нукта чун қандил аз миҳроб равшан шуд

Ки аз худ ҳарки холӣ мешавад масҷуд ме гардад

Ба роҳи оради ман саргаштаро раҳбар , наме донад

Ки ҳар сар гашта гирди каъба мақсӯд ме гардад

Манеҳ бар заррае , эй бе басари ангушти густохӣ

Ки меларзад дили хуршед то мавҷӯд ме гардад

Гузинад ҳаркии суди дигаронро бар зиёни худ

Ба андаки фурсатии соиби зӣонаш суд ме гардад