Хӯни дилро бода глФом медонем мо

Оҳро хуштар зи хат ҷом медонем мо

Нест эҳсони банда кардани мардуми озод ро

Донаи аҳли карамро дом медонем мо

Дар гулистонӣ ки булбули нағма пардозӣ кунад

Мутрибонро мурғ беҳангом медонем мо

Гӯ мазан дар пеши мо Мансури лофи пухтагӣ

Мива то бар шох бошад хом медонем мо

Оқибат байнаст чашми равшани мо чун шарор

Нуқтаи оғозро анҷом медонем мо

Ваҳшат андозад азизонро зи авҷи эътибор

Гӯшагириро канор бом медонем мо

намешавад дар Комронӣ рӯй гардони дили зи ҳақ

Бастагиро ҷома эҳром медонем мо

Аз хасисони миннат эҳсон кашӣдан мушкил аст

Бухли мумсикро ба аз анъом медонем мо

Хандаи биҷо , кунад олам ба чашми мо сиёҳ

Субҳро дилгиртар аз шом медонем мо

Пушти шамшери савол аз дам буд хўнризтр

Хомширо бадтар аз ибром медонем мо

Ҳар ки созад номи моро ҳалқа аз ҳам суҳбатон

Айни раҳмат , ҳамчуи хат ҷом медонем мо

Ҳамчуи хоки нарми соиби мардуми ҳамвор ро

Аз басирати пардаи дор дом медонем мо