зи гул танҳо куҷои базми гулистон соз мегардад ?
Ки ин ҳангомаи гарм аз шуъла овоз ме гардад
Умед бозгаштани дил ба зулф ӯ абас дорад
Ба нофи оҳӯон кӣ нофаи ҳаргиз бозме гардад ?
Ба рӯй бистари гули хоб роҳат нест шабнам ро
Ниқоб аз рӯй гулранг ки имшаб боз мегардад ?
Таъаҷҷуб нест гардад гирди хати доруии беҳӯшӣ
Нигаҳ дар пардаи чашмӣ ки хоб ноз ме гардад
Мушаббак мешавад чун пардаи занбӯрӣ аз ковуш
Агар сади Сикандари пардаи ин роз ме гардад
Ту каз аҳли басирати нестии қатъ манозил кун
Ки бино чун шарару асл ба як парвоз ме гардад
Надорад дар каманди ҷазбаи баҳри лутфи кӯтоҳӣ
Ки ҳар мавҷӣ ки май бинӣ ба дарё бозме гардад
Маломатгари сар аз дунболи бад гавҳар наме дорад
Забони оташини шамъи харҷ газ ме гардад
Ба фардоӣ қиёмат мефитад нашав ва намой мо
Ба ин тамкин агар қонӯни толеъ соз ме гардад
Суханро рӯй гарм аз қайди хомӯшии буруни орад
Сапанд аз оташи сӯзони баланд овоз ме гардад
Чу анҷум то саҳари мижгон ба якдигар нахоҳӣ зад
Агар доне чаҳ дарҳо дар дили шаб боз ме гардад
Даруни пайкари хушки оташӣ аз ишқ ӯ дорам
Ки май сӯзад чунӣ ҳаркас ба ман дмсоз ме гардад
Ба шамъ субҳ монад шуълаи овози булбул ро
Ҳамоно хомаи соиб нўопрдоз ме гардад