Гаронӣ мекунад бар тан чу сар беҷӯш ме гардад

Сабу чун холӣ аз май гашти бор дӯш ме гардад

зи нур орият бигузар ки шамъи моҳи тобон ро

Агар садбор равшан мекунӣ хомӯш ме гардад

Дар он маҳфили гул аз кайфият май ме тавон чидан

Ки соқии пештар аз дигарон мадҳуш ме гардад

Хатар бисёр дорад дар камӣни ҳамвории душман

зи саг ғофил машав зинҳор чун хомӯш ме гардад

Дар он гулшан ки май дар ҷоми резади масти нози ман

Фиғони булбулони гулбонг нўшонўш ме гардад

Надорад хоксорӣ бо бузургии ҷанг дар машраб

Ки дар кӯии Муғони гардуни сабу бар дӯш ме гардад

зи хиҷлати тавқи қамарии доми зер хок хоҳад шуд

Агар сарви чаман бо қоматаши ҳам дӯш ме гардад

На бедардӣастгар ашкам ба чашм тар наме ояд

Чу оташ тунд уфтад , оби сарф ҷӯш ме гардад

Қаноат кун , каз ин гулшан ба бӯеи ҳарки қонеъ шуд

Чу занбӯри асали кошонааш пурнӯш ме гардад

Аз ани моҳ аз тамомӣ мегузорад рӯй дар нуқсон

Ки доими хирман ӯ сарфи як оғӯш ме гардад

Марои боғ ва баҳорӣ нест ғайр аз буии дарвешӣ

Дили бемори ман аз коҳгл биҳуш ме гардад

Машав бо прдлии эмини зи хасми нотавони соиб

Ки аз андаки насимии баҳри ҷавшан пӯш ме гардад