Нури маънӣ дар ҷабин ток мебайнем мо
Дар қадаҳи афшурда идрок мебайнем мо
Кӯрии олӯдаи домонони васвоси салоҳ
Духтари рузро ба чашм пок мебайнем мо
Каъбаи дилро ки соқи арш то зонуӣ ӯст
Аз шикофи синаи сад чок мебайнем мо
Ҳар сари мижгони мо шамъ таҷаллӣ ме шавад
Чун дар он рухсор отшнок мебайнем мо
эй мурувват сар барор аз ҷайби инсоф ва бибин
То чҳо аз гардиш афлок мебайнем мо
Ҷавҳари куштани надорӣ , лоф бераҳмӣ мазан
Рӯзгорӣ шуд дар он фитрок мебайнем мо
Захми чандини тири таън аз зоҳидии худфуруш
Бар ҷигар аз ҷилва мисвок мебайнем мо
Нест бе асрори ваҳдат май парастиҳои мо
Оташи эмини зи чӯб ток мебайнем мо
Соиби он файзӣ ки махмурон наёбанд аз шароб
Дар тулӯъи нашъа тирёк мебайнем мо