Сабру тоқат аз дил бетоб меҷӯйем мо

Ҳайрати ойӣна аз симоб меҷӯйем мо

Бо сияҳи корӣ тамаъ дорем ҳасани оқибат

Давлати бедорро дар хоб меҷӯйем мо

Шиква бо норостӣ аз чарх кҷрў ме кунем

Ростӣ дар ҷӯии каҷ аз об меҷӯйем мо

Чун каттон ҳар чанд аз моҳаст захми мо , ҳамон

Марҳами кофурӣ аз маҳтоб меҷӯйем мо

Аз либосии дӯстон , дорем дилсӯзии тамаъ

Ахгар аз хокистар санҷоб меҷӯйем мо

намекунад ҳамдард , айши ноқиси моро тамом

Дар миёни риштаҳо ҳамтоб меҷӯйем мо

Дар парешон кардани ҷамъияти дунёсти ҷамъ

Ончӣ аз ҷамъият асбоб меҷӯйем мо

Гарме каз ишқ бояд ҷусти онро дар либос

Аз смўру қоқм ва санҷоб меҷӯйем мо

Аз висол ёр маҳрӯмем бо ҳамхонагӣ

Дар ҳарам чун ғофилон миҳроб меҷӯйем мо

Ҳар ки худро ҷамъ месозад ҳамаи олам дар ӯст

Баҳрро дар ҳуққа гирдоб меҷӯйем мо

Аз ҳақиқат рӯй соиб дар муҷоз оварда ем

Моҳро доими зи ташт об меҷӯйем мо