зи ҳасани шӯхи тарафии дидаҳоитар наме бандад

Дар ин дарёи зи шӯриш дар садафи гавҳар наме бандад

Дами сарди маломатгар чаҳ созад бо дили гармам ?

Забони шуъла бебокро сарсар наме бандад

Мазан чин бар ҷабин эй санги дил дар миннатҳои хат

Ки дар фасли хазон , гулзорро кас дар наме бандад

Назар бар рахна маликаст доими подшоҳон ро

Чаро соқӣ , даҳони мо ба як соғар наме бандад ?

Чаҳ созад бо дили пуршукӯҳи мо , меҳри хомӯшӣ ?

Касе бо мум , чашми равзани миҷмар наме бандад

намегардад кам аз дасти навозиш , изтироби дил

Ҳиҷоби абр , раҳ бар гардиши ахтар наме бандад

зи ҳарфи сард бар дил мехӯрд носеҳ , наме донад

Ки раҳ бар ҷӯши дарё , хомии анбар наме бандад

Туро рӯзӣ ки раъноеи камар май баст , донистам

Ки кӯҳи тоқати ошиқ , камар , дигар наме бандад

Гирифтам ақл муҳкам кард кори хешро соиб

Раҳи сайли қазоро сади Искандар наме бандад