Аз ани сарв аз дарахтони сарфарозӣ бештар дорад

Ки бо дасти тиҳии сад бенаворо зер по дорад

Ба кеши мардуми бедор дил куфраст навмидӣ

Чароғи ӣнҷои умед бозгаштан аз шарар дорад

Аз ани ҷӯши нишот аз синаи хам кам наме гардад

Ки аз маъмураи офоқи хиштии зер сар дорад

Ба домонаши нёўизм , ба домон ки овезам ?

Ҳамин субҳаст дар олам ки оҳӣ дар ҷигар дорад

Агар аз синаи мӯри заъифӣ парда бурдорӣ

Ҳазорон кӯҳи ғам бар дил аз ани мӯӣ камар дорад

Садаф аз тангдастии шиква ҳо дорад гиреҳ дар дил

намедонад ки дарёи чашм бар об гуҳар дорад

Гуҳӣ бар дил шабихун мезанад гоҳе бар имонам

Ҳамеша кокул ӯ фитнае дар зер сар дорад

Шикаст аз саркашӣҳои ниҳол ӯ пару болам

Хушо қамарӣ ки ёри хешро дар зер пар дорад

Саводи турраи мавҷ аз баёзи гардани мино

Хушояндааст аммо зулф ӯ ҷой дигар дорад

Талоши ишқи дорӣ , ақли расмиро зсрўо кун

Наме синҷиди гавҳар дар тарозуе ки сар дорад

Аз ан печидаам бар риштаи ҷон чун гиреҳи соиб

Ки андаки нисбати даврӣ ба он мӯӣ камар дорад