Хушо чашмӣ ки бар рӯй ърқнокӣ назар дорад
Хушо абрӣ ки об аз чашма хуршед бардорад
Машав эмини зчшми шармгини он камони абрӯ
Ки чандини теғ безинҳор дар зер сипар дорад
Набошад давр аз симин барон асбоби худбинӣ
Ки субҳи ойӣнаи хуршедро дар зер сар дорад
Чу байнами шишае холии замии хӯнам ба ҷӯш ояд
Раги абрӣ ки беобаст ҳукм нештар дорад
Нагардад пардаи чашми худобини олами зоҳир
Ки дар ойӣна , рӯй ҳарфи тӯтӣ бо шукр дорад
Маро дар пои хами бармеи парастӣ рашк ме ояд
Ки аз фикри ту дастӣ чун сабу дар зер сар дорад
Мадаи раҳ дар ҳарими мағзи худ зинҳори нихват ро
Каз ин боди мухолифи киштии давлат хатар дорад
Зпри гӯйии забони мавҷ бар хошок май ғалатад
Злб бастани садаф меҳр хамӯшӣ аз гуҳар дорад
Аз ани пари гул буд домонтар абри баҳорон ро
Ки ашк бешумору хандаҳои мухтасар дорад
Машав ғофили зи аҳволи заъифон бо фалак қадре
Кигар аз дида сӯзан фитад исо хатар дорад
Чаҳ бошад олами фонӣу арзу тӯли он соиб ?
Ҳумоеи давлат рӯй замин дар зер по дорад