Самандари доғҳо аз оташи рухсор ӯ дорад

Куҷои ёқӯти тоби гармии бозор ӯ дорад

На танҳо нуқта хокаст чун ноқавси азуи нолон

Ки чарх аз каҳкашони ҳам бар камари зуннор ӯ дорад

Ба теғи кӯҳи хӯни хешро чун лола май резад

Збси Кебеки хиромони хиҷлат аз рафтор ӯ дорад

Зхт сабз дорад тӯтӣони хуши сухан бо худ

Куҷои пурвои тӯтии лаъли шкрбор ӯ дорад ?

Чаҳ ҳоҷати шабнами бегонаи гулзори илоҳиро ?

Назар бар зебу зинат кӣ гули рухсор ӯ дорад ?

Магари пӯшидаи чашмӣ даст гирад пери канъон ро

Дарин гулшан ки ҳасани Юсуфӣ ҳар хор ӯ дорад

Зсрўи хўшхром ӯ ки ғофил метавонад шуд ?

Ки дили таълим аз худ рафтан аз рафтор ӯ дорад

Гиребон чок созад чун май пурзӯри мино ро

Ба хӯн ҳар ки рағбати ғамзаи хунхор ӯ дорад

Нахоҳад рахнаи захм намоён монад дар дилҳо

Агар ин чошнии ширинии гуфтор ӯ дорад

Дили равшан ба дастовар агар дидор май хоҳӣ

Ки ин ойӣнаи тоби ҷилваи дидор ӯ дорад

Маро бекор донад ақли короФзо , наме донад

Ки ҳар касро ба кории ғамзаи пуркор ӯ дорад

Нигараданд зхўршиди қиёмат рӯй худ соиб

Харидорӣ ки доғи гармии бозор ӯ дорад