Захми пинҳонам агар берун диҳад хуноб ҳо

Ранги хӯн пайдо кунад дар сулби гавҳари об ҳо

Олимиро ҳамчуи худ саргашта дорад осмон

Чун барояд мушти хошокии азин гирдобҳо ?

Бе қаророни муҳаббати зери гардун чун кунанд ?

Шишаи сарбаста зиндонаст бар симоб ҳо

Занги ғифлати лозими тани парварӣ афтода аст

Сабз гардад аз равонӣ чун бимонад об ҳо

Дар висоли баҳр , бешавқ расо натавон расед

Харҷи роҳ аз нарм рафторӣ шавад сайлоб ҳо

Давлати бедор агар як чанд бехобӣ кашид

Кард дар айёми бахти мо қазои хоб ҳо

Каъбау бтхонаҳ аз дили зиндагони холӣ шуда аст

Нест ҷузи қандил , равшандили дарин миҳроб ҳо

Аз гули тан то ба осонӣ тавонад хостн

Киштии дилро сабк кун соиб аз асбоб ҳо