зи хӯни хеши теғи душмани ман ранг ме гирад

Далер онаст каз душмани силаҳ ҷанг ме гирад

Набандад сӯрат аз икрнги душман , дӯстии ҳаргиз

зи акси тӯтӣони ойӣнаи ман занг ме гирад

Гаронӣ мекунад бар дили марои ҳарфи сабки мағзон

Агарчӣ аз ҳавои девонаи ман санг ме гирад

зи ҳамчашмон гзирӣ нест хубонро ки дар гулшан

Гул аз гул ранг мебозад , гул аз гул ранг ме гирад

Ба ҳиммат ме тавон аз сарбаландон ёфт коми дил

Ки аз хуршеди тобони лаъли об ва ранг ме гирад

Агарчӣ аз сиёҳии ҳеҷ рангӣ нест болотар

Дил аз ман беш чашми осмонӣ ранг ме гирад

зи иқболи лаби паймонаи хӯнҳо дар ҷигар дорам

Ки гоҳе бӯсае зон лаъли оташ ранг ме гирад

Нагунҷадгар қабо дар перҳан аз шавқ , ҷо дорад

Ки дар оғӯши он симини баданро танг ме гирад

Ба як талхии зи сад талхии қаноат кардани аввалӣ тар

Маро аз сулҳи мардум беш дил аз ҷанг ме гирад

Гиребон чок созад абрро барқи сабки ҷавлон

Абаси соиби либоси ғунча бар гул танг ме гирад