Алойиқи домани озодаи моро наме гирад

Каманди риштаи Марями масеҳоро наме гирад

Куҷои маҷнӯни мо густох гирад домани Лайлӣ ?

Ки аз поси адаби домони саҳроро наме гирад

Маро тарсанд аз захми забони носеҳ , наме донад

Ки хаси домони сайли дашти пайморо наме гирад

Машав ғофили зпоси вақт агар осӯдагии хоҳӣ

Ки хоби рӯзи ҷои хоби шабҳоро наме гирад

Надорад орзӯи раҳ дар дил озодаам соиб

Замини поки ман нахли таманноро наме гирад