Фусуни сабр дар дилҳои пурхӯн дар наме гирад

Чу дарё бекарон уфтад ба худ лангар наме гирад

Сиёҳӣ бар сари доғи ман оташи зер по дорад

зи шухии ахгари ман гирд хокистар наме гирад

Ғараз аз зиндагӣ номаст , агар об Хизр набӯд

Касе ойӣнаро аз даст Искандар наме гирад

Ду рангӣ нест ҳар ҷои пои ваҳдат дар миён омад

Дарин дарёи хзФи худро кам аз гавҳар наме гирад

Нагардад лухти дил аз гиряи монеъи хори мижгон ро

Гиреҳ дар риштаи мо роҳ бар гавҳар наме гирад

зи иқболи Сикандари Хизр бар дили доғ ҳо дорад

Ки оби зиндагонии ҷои чашм тар наме гирад

Лабӣ каз ҳасрати оби Хизр хӯн мехӯрд соиб

Чаро як бӯсаи сероб аз соғар намегирад ?