Дили озодаро ҳаргизи ғам олам наме гирад

Масеҳоро каманди ришта Марям наме гирад

Нагардад доми раҳи зеби ҷаҳони дилҳои равшан ро

Ки рангу буии гулшани доман шабнам наме гирад

Бирав носеҳ ба кор ғайр кун ин чарби нармӣ ро

Ки доғи шӯхи чашми мо ба худ марҳам наме гирад

Гуҳар бар обрӯӣ хеш меларзад , наме донад

Ки абр бе ниёзи мо зи дарё нам наме гирад

Наме часбад ба дили тани парваронро ҳарфи аҳли дил

Чу коғаз чарб бошад нақш аз хотам наме гирад

Касе каз тангдастӣ ҳар дами овезад ба домоне

Надонам домани шабро чаро муҳкам намегирад ?

Мазан дасти таъассуф бар ҳам аз марги сияҳи корон

Ки хӯни мурдаро ҳаргиз касе мотам наме гирад

Чаҳ матлаби хуштар аз поси нафаси аҳли басиратро ?

Суханро исои мо аз лаб Марям наме гирад

Пар коҳӣаст кӯҳи дард дар мизони озодон

зи бори дили қади сарву санавбар хам наме гирад

Сари ҳаркас ки гарм аз косаи зонуӣ худ гардад

Ба миннати ҷомро соиби зи даст ҷам наме гирад