Ба рағбат бо хами зулфаши дил бетоб ме созад
Чу оби зиндагӣ бо моҳии ин қуллоб ме созад
Шавад гулзори иброҳӣми оташ бар гунаҳкорон
Дили моро чунингар шарми исён об ме созад
Ба эҳсон эй тавонгар дастгирӣ кун фақирон ро
Ки дарёи баҳри резиши абрро сероб ме созад
Сипеҳри каҷи рӯ аз ҷо дар наёрад аҳли тамкин ро
Хасу хошокро саргаштаи ин гирдоб ме созад
Сифедиҳои мӯ гуфтам шавад субҳи умеди ман
Надонистам ки ғифлати пардаҳои хоб ме созад
Вафодории мҷу аз давлат ҳарҷое дунё
Ба як равзани куҷои хуршеди олам тоб месозад ?