Намаки доғи маро чун марҳам кофур ме созад
Ки аз бодоми талхии давр , чашм шӯр ме созад
Хат аз машқи парешони чеҳраро бенур ме созад
Ки ҷавҳари сайқали ойӣнаро мастур ме созад
Сар бе мағзи маҷнӯнро ба сомон шӯр ме созад
Кадуии пучро пари шаҳди ин занбӯр ме созад
намеояд з ҳар ларзанда ҷонии ҳарфи ҳақи гуфтан
Камони дорро зиҳи ҷуръат Мансур ме созад
Магари гули захмӣ аз шамшери он кон малоҳат шуд ?
Ки шӯри булбулони захми маро носур ме созад
Махӯр аз давр бош эй маҳфили оро бар димоғи мо
Ки моро аз ҳаримаши дил тапидан давр ме созад
Сухан дар поя пастӣ намемонад суханвар ро
Сулаймони дасти худро пойтахт мӯр ме созад
Ба ҷӯши хӯни дарин фасли баҳор умедҳо дорам
Ки май пурзӯр чун шуд хишт аз хам давр ме созад
Яке сад мешавад аз гирди лашкари нихвати шоҳон
Ғубори хати мишкӣни ҳасанро мағрур ме созад
намегардад мулоим чун зи оҳами он камони абрӯ ?
Камони сахтро оташ агар кам зӯр ме созад
Чароғи ақлро хомӯш созад нафаси зулмоне
Гадои дурбини фарзанди худро кӯр ме созад
Мапӣч аз ғунча хусбӣ сар ки ин эксири хурсандӣ
Сари зонуии ваҳдатро канор ҳур ме созад
зи зоди охират ғофил машав то фурсатии дорӣ
Ки барги айши зери хоки пинҳон мӯр ме созад
Қаноат кун ба шаҳди хомшии ором агар хоҳӣ
Ки ҳарфи пучи сарро хона занбӯр ме созад
Ба ширинӣ бадал шуд талхии бодом аз шурӣ
Намакро чарби нармии марҳам кофур ме созад
з хомӯшӣ шавад кайфияти гуфтори рӯзафзӯн
Хами сарбастаи соиби бодаро пурзӯр ме созад