эй забун дар ҳалқаи занҷири зулфати шерҳо

Сар ба саҳро дода чашми хушати нахҷӣрҳо

Шавқи эҳроми замини бӯси ту ҳар шаб ме кунад

Снблстони хокро аз турраи шбгирҳо

намекунад боди сабо ҳар рӯзи пеш аз офтоб

Мусҳафи халқи туро аз буии гули тафсирҳо

Сади роҳи ҷилваи мастонаи натавонад шудан

Сайли тақдири турои хору хаси тадбирҳо

На ҳамин маҷнӯн назар бандаст дар домони дашт

Ишқ дар ҳар гӯша дар занҷир дорад шерҳо

Бениёз аз нози тъўизм ки мардонро бас аст

Ҳрзи бозуии шуҷоати ҷавҳари шамшерҳо

Гуфтугӯии куфру дайни охир ба як ҷо ме кашад

Хоби як хобаст ва бошад мухталифи таъбирҳо

Бо туҳидастон мудоро кун ба шукри ин ки ҳаст

Гирди домони туро дар остини эксирҳо

Аз сари таъмирам эй Хизри мурувват дар гузар

Барнаме дорад маро аз хок , ин таъмирҳо

Бар кулоҳи худ ҳубоби осо чаҳ май ларзӣ , ки шуд

Тоҷи шоҳони муҳраи бозичаи тақдирҳо

Гар на зиндонаст хок ва мо ҳама зиндонӣем

Чист ҳар сӯ аз саводи шаҳрҳо занҷирҳо ?

Мӯшикофони сари фурӯи бурданд дар ҷайби адам

Пари гиреҳ чун риштаи таб , риштаи тақрирҳо

Ман кӣми соиб ки даст аз остин берун кунам ?

Дар биёбоне ки нохун мегузорад шерҳо