Сиришки гарм бо мижгону чашм тар наме созад

Шароби тунди мо бо шиша ва соғар наме созад

намедонам ба хўнриз ки шуд олӯдаи мижгонаш

Ки шавқи захм , хӯнро дар ҷигар нашутур наме созад

Ба рӯй меҳр , субҳ аз содаи лавҳии парда май пӯшад

намедонад ки ҳасани шӯх бо чодар наме созад

Нагардад сояи боли ҳумои доми фиреби мо

Сари хуршеди олами сӯз бо афсар наме созад

Дарин дарё касе аз сидқи дастӣ барнаме дорад

Ки дилро чун садафи ганҷина гавҳар наме созад

Надорад хандае дар чошнии ҳасани гулӯи сӯзиш

Ки шаҳди зиндагиро талх бар шукр наме созад

Висоли шуълаи ҷонсӯз дар маддиназар дорад

Абаси паҳлавии худро бӯрё лоғар наме созад

Чунон афтодам аз тоқи дили ҳам суҳбатони соиб

Ки вақт рафтанами ойӣнаи чашмӣ тар наме созад