Димоғи хушки моро бода рангин наме созад
Шароби оташин бо коса чубин наме созад
Нагирад ранг аз фонӯси рангини шуълаи саркаш
Май гулгуни рухи зарди маро рангин наме созад
Ҳунармандӣ агар ин қадар дорад , ҷуз ба хӯни худ
Даҳони тешаи Фарҳодро ширин наме созад
Насозад қадрдони вақтро шӯри ҷунуни ғофил
Ки хоби булбулонро фасли гул сангин наме созад
Ба шукр , хусрави дўшоби дил , пайваст аз ширин
Сари пучи ҳўснокон ба як болин наме созад
Збси суд аз сафар бархест дар айёми мо соиб
Ҳиноро рафтани Ҳиндӯстон рангин наме созад