Ба миқдори басирати хотир огоҳ ме ларзад
Ки хуршеди ҷаҳони афрӯз беш аз моҳ ме ларзад
Ба нисбат мешавад сари риштаи пайвандҳо муҳкам
Ки аз бе мағзии худ каҳрабо бар коҳ ме ларзад
Чаҳ меояд зсбру тоқати мо дар хатар гоҳе
Ки кӯҳи қоф бар худ бештар аз коҳ ме ларзад
Агарчӣ ҳуҷҷати нотиқи зъисӣ дар бағал дорад
Ҳамон Марям ба ҷон аз тӯҳмат ногоҳ ме ларзад
Гиромии гавҳаронро мекунад бевазн , санҷидан
Ки Юсуф дар тарозуи бештар аз чоҳ ме ларзад
Нафас дар раҳ насозад рост ҳар кас дурбин уфтад
ЗФкри оқибати доими дил огоҳ ме ларзад
Зхўоби амни соиби фитна бедор ме зояд
Ки дурандеш дар манзили фузун аз роҳ ме ларзад