То зи чашми шӯх ӯ дар гардиш омад ҷом ҳо

Чун Ром оҳӯ биёбоне шуданд ором ҳо

Дилбариро зулф ӯ дар даври хат аз сар гирифт

намешавад аз хоки афзӯни ҳирси чашми дом ҳо

Хом кард он оташини рӯи орзӯҳои маро

Гарчи аз хуршеди тобон пухта гардад хом ҳо

Ҳар саволиро ҷавобии пеши азин омода буд

Беҷавоб аз кӯҳи тамкин ту шуд пайғом ҳо

Пистаҳоро лаъли мигўнти гиребон чок кард

Талх шуд аз чашми шӯхати хоб бар бодом ҳо

Санг мешуд пеши азин дар панҷаи ибром , мум

Аз дили сахти ту бетаъсир шуд ибром ҳо

Рост ноед бо ватани нақши гиромии гавҳарон

Рӯй дар девор бошад дар нигинҳо ном ҳо

Нест авҷи эътибори пучи мағзонро сабот

Кӯза холӣ фитад зуд аз канори бом ҳо

Аз ду ҷониб буд мушкили ҷамъ кардани хеш ро

Фикр оғозам баровард аз ғами анҷом ҳо

Шуд мунаввари синаи ман соиб аз доғи ҷунун

Хонаи торикро равшан кунад глҷом ҳо