Дил ҳар кас ба таъзими сухан аз ҷо наме хезад

Қиёматгар ба болинаш расад бар по наме хезад

Чунин дастӣ ки дар дили рахна кардан осмон дорад

Аҷаб дорам ки гавҳари суфта аз дарё наме хезад

Нагардад гирди кулуфт кам ба оҳ аз синаи ошиқ

Ба афшодани ғубор аз домани саҳро наме хезад

Набард аз дили висоли ёри беруни заҳри ҳиҷрон ро

Ба май зангори ҳаргиз аз дили мино наме хезад

Насузад ҳеҷ барқии решаи тухми муҳаббат ро

Ба ҳак кардани здлҳои нуқтаи савдо наме хезад

Чисон Фарҳод нолад , каз шикваи сӯрати ширин

Садои тешаи фӯлод аз хоро наме хезад

Марв дар зери домони садафи беҳудае гавҳар

Ки бе оби гуҳари абри ман аз дарё наме хезад

Нафас чун рост созад шамъ дар базми висол ӯ ?

Ки аз тамкини ҳасан ӯ сапанд аз ҷо наме хезад

Ба фарёду фиғон аз дил надорад дасти ишқ ӯ

Баҳоиу ҳўи зи кӯҳи қофи ин анқо наме хезад

Накардааст аз раҳи инсофи таъзими хиром ӯ

Касе каз ҷилва ӯ аз сари дунё наме хезад

Ки меояд зи аҳли дард бар болини ман соиб

Ки дар бархестан бо мӯъҷизи исо наме хезад

Чаман шуд аз қади раънои соқии анҷумани соиб

Ки мегуяд ки сарв аз чашмаи мино наме хезад ?