Баҳори зиндагонӣ бо хазон ҳамдӯш ме бошад
Гули ин бӯстони хамёза оғӯш ме бошад
Давомӣ нест ҳасани нозпрўрдони бустон ро
Ки хӯни лолау гули ҳафтае дар ҷӯш ме бошад
Ба талхӣ то накард аз хоби ширини пашшаи бедорам
Надонистам ки нешии лозим ҳар нӯш ме бошад
Макун эй хирмани гули саркашӣ бо мо туҳидастон
Ки ин авроқро шероза аз оғӯш ме бошад
Набошад дидаҳои шармгинро баҳра аз рӯзӣ
Тиҳии чашмии знъмти қисмат сарпӯш ме бошад
Маро аз хонаи занбӯри шаҳди ин нукта равшан шуд
Ки чун афтод манзили мухтасар , пурнӯш ме бошад
Зҷўши бода то шуд хишти хами сероб , донистам
Ки ризқи хоксорони бода срҷўш ме бошад
Саропои чашми шӯ то домани матлаб ба дасти оре
Ки зар чун ҳалқа гардад ҷой ӯ дар гӯш ме бошад
Бабанд аз гуфтугӯи лаб то дилат равшан шавад соиб
Ки ин ойӣнаро сайқали лаб хомӯш ме бошад