Ба ноз афрохтӣ қомати фалакҳо дар суҷуд омад

Замӣ афрӯхтӣ рухсор , оташ дар вуҷӯд омад

Намӯд ин ҷаҳон будӣ надорад , борҳо дидам

Ману танги даҳон ӯ ки буд бе намӯд омад

Ки бовар мекунад аз мо агар мижгон тар набӯд ?

Ки аз ҳалвоӣ бе дӯди ту моро ризқ дӯд омад

На танҳо силии ишқи ту моро рӯ сияҳ дод

Мукаррари чеҳраи ёқӯти азин оташ кабӯд омад

Надонам чист мазмуни хати соғар , ҳамин донам

Ки то аз зер чашмаш дид мино дар суҷуд омад

намедонам ки буд ин оташини ҷавлон , ҳамин донам

Ки то по дар рикоб оварад , дар хотир фурӯд омад

Магар бар бол дорад номаи қатли марои соиб ?

Ки мурғи нома бар аз кӯй ӯ ин бор зуд омад