Дили девонаи ман дӯст аз душман наме донад

Чу оташи шуъла вар шуд об аз равған наме донад

Ғарибӣу ватани яксон буд дилҳои ҳайрон ро

Қафасро андалеби маст аз гулшан наме донад

намеуфтад ба фикри сина чун дили гашт ҳарҷое

зи оҳӯ чун ҷудо шуд нофа пайвастан наме донад

зи шукри дарду доғи ишқи як дам нестам ғофил

Ки қадари офиятро ҳеҷ кас чун ман наме донад

зи оташ давр мегардад аз он доими сапанди ман

Ки ойин нишаст ва хост дар гулхан наме донад

Магари хат нарм созад дил чун санги хоро ро

Вагарнаи дӯди оҳи мо раҳ равзан наме донад

Ғубори хат ба оби теғ ҳайҳот аст биншинад

Бароти осмонии боз гардидан наме донад

Мадаи зинҳори арзи гуфтугӯи соиб ба бе дардон

Ки ҳар нодидаи қадари буи пероҳан наме донад