Зснги кӯдакон аз пои дил девона нанишинад

Ба ҳарфи сахт аз ҷӯши худ ин майхона нанишинад

Нагардад то тиҳӣ аз санги ҷайбу домани Тифлон

Ба домони биёбони гирди ин девона нанишинад

Насозад хоки хомаши оташи мо биқророн ро

Май пурзӯри мо аз ҷӯш дар паймона нанишинад

Зчшми шӯр , оби зиндагонӣ талх ме гардад

Ҳамон беҳтар ки бо фарзонагон девона нанишинад

Аз дар остин пайваста дорад шамъи ашки худ

Ки гирди кулуфтӣ бар хотир парвона нанишинад

зи оби баҳр чун гирди ятемӣ беш ме гардад

Ғубори хотирӣ каз гиря мастона нанишинад

Макун зинҳор аз хилвати нишинии манъи зоҳид ро

Чаҳ созад сӯрати девор агар дар хона нанишинад ?

намемонад ба зиндони бадан чун рӯҳ комил шуд

Ки саҳбо чун нишаст аз ҷӯш дар майхона нанишинад

Зсилоби баҳорони хона ороӣ наме ояд

Дили битоби мо дар каъба ва бтхонаҳ нанишинад

Муҳайёии сафари шӯ чун қад аз перии ду то гардад

Таҳи девори моили мардум фарзона нанишинад

Дили мо биқророн чун шавад осӯда дар зулфӣ

Ки як дам бар замин бо пои чубин шона нанишинад

Мурувват нест олудан ба тӯҳмати домани покон

Ба хилвати ошиқи битоб бо ҷонона нанишинад

Барӯмандии насиб хоксорон мешавад соиб

Нагардад сабз то дар хок чанде дона нанишинад