Куҷо аз ҳар муқаллиди кори арбоб баён ояд ?
Наёяд аз даҳ ангушти ончӣ танҳо аз забон ояд
Кунад мағлуби шайтонро ба ҳиммати нафаси соҳибдил
Ки саг бар гурги муставле ба имдод шубон ояд
Камондорӣ ба абрӯии сбкдсти ту май зебад
Ки захми новакаш бар мағзи пеш аз устихон ояд
Машав дар хорӣ аз ҳоли азизони ҷаҳони ғофил
Ки Юсуф дар либоси бандагон дар корвон ояд
ЗФизи вусъат машраб надидам сахтӣ аз даврон
Ки киштӣ бе хатари беруни збҳр бекарон ояд
Надонам чист таъми он лаб мехуш , ҳамин донам
Ки оби зиндагӣ аз дидан ӯ дар даҳон ояд