Дигар бо нўхтӣ дорад дили ман дар миёни савдо

Ки дорад дар гиреҳ ҳар мӯии хаташи як ҷаҳони савдо

Ғубори устихонами серумаи чашм ғизолон шуд

Наме печади сар аз санги маломат ҳамчунон савдо

Ки ҷузи девонаи ман , сояи беди саломат ро

Ба рағбат мекунад бо захми шамшери забони савдо ?

Яке сад шуд зи сарви хуши хиром ӯ ҷунуни ман

Чаҳ ҳарфаст ин ки кам мегардад аз оби равони савдо ?

Ғизолонро ба маҷнӯн меҳрбон дидам , яқинам шуд

Ки ваҳшат май баради беруни зи табъи ваҳшёни савдо

Агар бояд ба душмани ройгон додани матоъи худ

Макун зинҳор то мумкин буд бо дӯстони савдо

Матоъи шишаи ҷононро дилӣ аз санг май бояд

Аз он девона доим мекунад бо кӯдакони савдо

зи сӯзи тишнагӣ ҳар чанд дорад ранги хокистар

Дарун парда дорад чашмаи ҳайвони ниҳони савдо

Баҳори хуррамӣ дар пӯст дорад нахл бе баргаш

Ба зоҳир гарчи афсурдааст дар фасли хазони савдо

Агар медошт мағзии давлати дунёӣ бе ҳосил

Ҳамуммӣ кард ҳаргизи сояро бо устихони савдо ?

Макаши миннати зи дасти чарби ин сангини дилони соиб

Ки равған мекашад аз донаи реги равони савдо