Гар аз назораи хуршед дар чашм об ме ояд

з рӯй лолаи рангаш дар назар хуноб ме ояд

Дар он маҳфил ки бе оташи сапанд аз ҷой бархезад

Куҷои худдорӣ аз парвона бетоб меояд ?

Надорад сайдӣ аз ман сайдгоҳи ишқи лоғартар

Ки аз қатлам ба чашми ҷавҳари теғ об ме ояд

Магар шуд нарми ёқӯти лаб ӯ аз ғубори хат ?

Ки ҳарфи бӯса аз дил бар забон бетоб ме ояд

Ҳамоно бахти ман аз норасоиҳо бурун омад

Ки бетаклиф дар вайронаам сайлоб ме ояд

Дили огоҳ дар перии зи ғифлат беш ме ларзад

Ки вақти субҳи аксари шбрўонро хоб ме ояд

Чу моҳӣ гар барорам пари дарин дарё аҷаб набӯд

Ки ҳар мавҷӣ ба чашми ваҳшатам қуллоб ме ояд

Чунон нозук шудааст аз гиря кардани пардаи чашмам

Ки обам дар назар аз партав маҳтоб ме ояд

Набошад пардаи пӯшии тири каҷро чун камони соиб

Куҷои зоҳиди бурун аз гӯша миҳроб меояд ?