Ба гӯшами нолаи ағёр дардолӯд ме ояд
Дарин маҳфили зчўби беди буи авд ме ояд
Магари болу пари ҳиммат ба фарёдам расад , варна
Чаҳ қатъи роҳи шавқ аз пой хоб олуд меояд ?
Зтмкини ту субҳи маҳшар аз ҷои барнамеи хезад
Тугар қомат бар афрозии қиёмат зуд ме ояд
Набинад марги талхи ошиқонро ҳеҷ сангини дил !
Ҳануз аз бесутуни фарёд дардолӯд ме ояд
Ки худро бар дили мо хоксорон мезанад ёрб ?
Ки оҳ аз сина чун занбӯр хок олуд ме ояд
Гуҳар бар сафҳаи ойӣнаи худро чун нигаҳ дорад ?
Арақ аз чеҳраи софаш ба доман зуд ме ояд
Агар дилро сабки хоҳӣ , ба лаб меҳр хамӯшӣ зан
Ки дӯди дили буруни зини равзан масдӯд ме ояд
Касе коинҷо нашавед чеҳра аз ашки пушаймонӣ
Ба саҳрои ҷазо бо рӯй гирдолӯд ме ояд
Зҳиронии ҳамон дар водии саргаштагии маҳвам
Агар пешонӣам бар каъба мақсӯд ме ояд