Дил аз мижгон хоб олуд дар зинҳор ме ояд
Балои ҷон буд теғӣ ки лангардор ме ояд
Миёнҷӣ нест ҳоҷати нуқтау паргори ваҳдат ро
Сари ҳиммати баландони худ ба пой дор ме ояд
Надорад ҷанг бо ҳам шеваи мастурӣу мастӣ
зи ҷӯш май ба гӯшами бонг истиғфор ме ояд
зи қайди сад гиреҳ дар як гиреҳ май афканди худ ро
Касе каз ҳалқаи тасбеҳ дар зуннор ме ояд
Ту чун Тифлони зи васли гул ба дидани нестии қонеъ
Вагарнаи кор дар аз рахна девор ме ояд
Халосӣ аз маломат нест саргарми муҳаббат ро
Сари хуршед ҳарҷо рафт бар девор ме ояд
Маҳоласт ин ки доғи лолаи рӯйон дар ҷигар монад
Гули рангин ба сайри гӯша дастор ме ояд
Нўоснҷӣ ки дар дили захм хорӣ дорад аз ғайрат
Ба ҷои нолаи хӯни гармаш аз минқор ме ояд
Суханро софи хоҳӣ , лавҳи дилро соф кун соиб
Ки аз ойӣнаи тӯтӣ бар сар гуфтор ме ояд