Хаёл ӯ ба тадбир аз дили ман барнаме ояд

Ки ҳаргизи хорхор аз дил ба сӯзан барнаме ояд

Агарна давр бош нолаи мурғ чаман бошад

Азин гулзори як гули покдоман барнаме ояд

Ба ҳиммат ме тавон зини хокдони дилро баровардан

Ки бе рустами зи қаъри чоҳи бежан барнаме ояд

Макун эй ақл дар ислоҳи ман авқоти худ ботил

Ки ғайр аз ишқи кори дигар аз ман барнаме ояд

Гузаштам аз фалакҳо то кашидам пой дар доман

Ки мегуяд ки корӣ аз нишастан барнаме ояд ?

Нагардад ҷомаи фонӯси нури шамъро монеъ

Ҳиҷоби ҷисм бо дилҳои равшан барнаме ояд

Машав зинҳори баҳри ҷони раҳин миннати исо

Ки хафоаш аз хиҷолати рӯзи равшан барнаме ояд

Маро аз май кашон бар лолаи соиб рашк ме ояд

Ки то май дар қадаҳ дорад зи гулшан барнаме ояд