Здл Ром мекунад , чашми балоҷуи ин чунин бояд

намегардад ба маҷнӯни ром , оҳӯи ин чунин бояд

Нигаҳ май лғзд аз рӯйиш , хирад меларзад аз мӯяш

Такаллуфи бартараф , рӯи ончунон мӯи ин чунин бояд

Баровард аз хумори буии пероҳани азизон ро

Балии ҳамчашми моҳи Мисрро бӯи ин чунин бояд

Ба худ кардааст рӯй ҳар ду олам чун сафи мижгон

Тасарруф дар хами миҳроби абрӯи ин чунин бояд

Насими субҳи маҳшар ғунча хусбонро нингизд

Сари арбоби фикрати маҳви зонуи ин чунин бояд

Кафанро киштии дарёии мо бодбон созад

Талабкори ҳақиқатро такопуи ин чунин бояд

Ба ваҷд омад замину осмон аз шӯриши соиб

Май ошомони маъниро ҳаёҳӯи ин чунин бояд