Заҳр , трёқ ба эксир мудоро гардад
Хашмро ҳар ки фурӯ хӯрд тавоно гардад
Чун ба як ҷо накунад манзили мақсӯди мақом
Ба чаҳ умед касе бодия паймо гардад ?
Оби гавҳар чаҳ ғам аз талхӣ дарё дорад ?
Ҳар ки қонеъ шавад осӯдаи з дунё гардад
Агар аз синаи ман оинае рост кунанд
Рози пӯшидаи олами ҳама пайдо гардад
Вазъи олам агар инаст ки ман май байнам
Ҷой раҳмаст бар он чашм ки бино гардад
Ҳар нафаси дардӣ ва ҳар чашм задани таҷриба Эй аст
Ҳар ки бемор ту гардид масеҳо гардад
Машриқи маънии нозуки ҷигар сӯхта аст
Ин ҳилолӣаст каз ин гирд ҳувайдо гардад
Бениёзаст зи иқболи ҳаводорони ишқ
Аз насими оташи хуршед чаҳ раъно гардад ?
Ноз Лайлӣ накунад чашм ба ҳар серумаи сиёҳ
Гирди маҷнӯни магар аз бодия пайдо гардад
Бар нигараданд агар ишқи варақро соиб
Юсуф он нест ки маъшӯқ Зулайхо гардад