Нест мумкин ки дили мо зи вафои баргардад

Чун зи хосияти худ меҳри гёи баргардад

Рафтан аз кӯии хароботи маро мумкин нест

Магар аз каъбаи рухи қиблаи намои баргардад

Сипари тири ҳаводиси сипар андохтан аст

Хоки шӯ то дами шамшери қазои баргардад

Давлату соя ду мурғанд ки ҳам парвозанд

Сабр дорам варақи боли ҳумои баргардад

Охир аз ҳамраҳеи Хизр ба чоҳи афтодам

Вақти он хуш ки азуи роҳнамои баргардад

Миси худро ба ду паймона тилло гардонид

Соиб аз кӯии харобот чаро баргардад ?