Нахли қади ту ба боғӣ ки хиромон гардад

Сарв дар зери пари фохта пинҳон гардад

Чун ба гулзор рӯй хоби хумори олӯда

Гули зи хамёзаи оғӯш парешон гардад

Ҳар сияҳи рӯз ба кайфият чашмаш нарасад

Серумаро ҷавҳар он нест ки ҳайрон гардад

Ранг аз чеҳраи гулҳои ҳавас маҳв шавад

Чун Суҳайли арақи шарм фурӯзон гардад

Шарт ишқаст ки то шӯри муҳаббат боқӣ аст

Захми носур ба дунбол намакдон гардад

Соиб аз партав ҳасанаст ки булбул шуда аст

Тӯтӣ аз суҳбати ойӣна схндон гардад