Итоб ва лутф мегардад зи абрӯӣ батон пайдо
Ки бошад қӯти бозуӣ ҳар кас аз камони пайдо
Чу тор аз гавҳару ҷавҳари зи теғу муваҷҷаҳ аз соғар
Буд аз пайкари симин ӯ рагҳои ҷони пайдо
Насозад ҳасанро чун музтариб нодидани ошиқ ?
Ки гул бар хеш ларзад чун набошад боғбони пайдо
Насими перҳанро дар канори Миср май гирам
Ки дорад сабр , то гардад ғубори корвони пайдо ?
намеояд ба чашм аз партави дил , доғҳои ман
Ситораи рӯзи равшан чун шавад аз осмони пайдо ?
зи оҳи сарди ман хуршеди тобон ранг ме бозад
Билразад барг бар худ чун шавад боди хазони пайдо
Наомад офтоб бемурувват бар сари эҳсон
Чу моҳи нав з паҳлуем нашуд то устихони пайдо
Чаҳ бошад шуълаи ғайрат , чароғи зери доманро ?
Нагардад ҳиммати олӣ ба зери осмони пайдо
Дарин мавсим ки соиб мекунад ҳангомаи ороӣ
Чаҳ хуш бошад агар булбул шавад дар бӯстони пайдо