Мунҳариф аз нигаҳи он қибла абрӯ гардад

Ин тарозуии сбкрўҳ ба як мӯ гардад

Бесухан май барад аз ҳуши назарбозон ро

Оҳ азон рӯз ки он чашм сухангӯ гардад

Сарвро фохта аз тавқ ба занҷир кашад

Ҳар куҷои ҷилвагар он қомат дилҷӯ гардад

Хотири ҷамъ буд дар гиреҳи дилтангӣ

Гул нашукуфта маҳоласт ки бебӯ гардад

Рози пинҳони фалаки абҷад тифлона ӯст

Ҳаркиро ҷоми ҷам аз коса зону гардад

Пилаи ъшртш аз қоф гаронсанг тараст

Дар дили ҳаркии хаданги ту тарозу гардад

Домани афшони зи риёзӣ ки ту беруни ое

Сарви ангушти надомат ба лаб ҷӯ гардад

Ҳаст дар пардаи оташи рухи гулзори халил

наме тавон чиди гул аз ёр чу бдхў гардад

Ҳарки шуд волау девонаи Лайлии нигаҳон

Дар назари мавҷи саробаши Ром оҳӯ гардад

Сари мӯе ба дили халқ гаронӣ мапаснд

Ки тарозуии мукофот ба як мӯ гардад

Монад дар сафҳаи рухсори ту соиби ҳайрон

Тӯтӣ аз оина ҳарчанд сухангӯ гардад