Давлати ҳасани зи хати зер ва зибр ме гардад
Ин варақ аз нафаси сӯхта барме гардад
Чашми хуршед ки дар хираи нигоҳӣ мисл аст
Дар гулистони ту пӯшида назар ме гардад
Моҳи шабгарди ман аз хона чу ояд берун
Моҳ аз ҳолаи ниҳони зер сипар ме гардад
Бар назари миннати пероҳан Юсуф дорад
Ҳар нигоҳӣ ки зи рухсори ту барме гардад
Дар нагирад сухани ишқ ба арбоби ҳавас
Оташи афсурдаи азин ҳизум тар ме гардад
Дар таҳи санги маломати дили савдоеи мо
Кебек мастӣаст ки дар кӯҳ ва камар ме гардад
Беқарорӣаст марои боиси оромиши дил
Лангари киштии ман мавҷ хатар ме гардад
Шавқ чун қофила солор шавад раҳрав ро
Пои хобидаи пару бол дигар ме гардад
Сухан аз ғӯри сухани санҷ гиромӣ гардад
Қатра дар ҳавсилаи баҳр гуҳар ме гардад
Хиҷлат бе самарии қад маро карда дўто
Шох ҳарчанд хам аз ҷӯш самар ме гардад
Гавҳар аз хиҷлати изҳори тамаъ об шавад
Обрӯи ҷамъ чу гардид гуҳар ме гардад
Дар шкрзор қаноат набӯд талхии айш
Хок дар ҳавсилаи мӯр шукр ме гардад
Манеҳ ангушт ба гуфтори бузургони соиб
Тир бар чархи миндоз ки барме гардад