Одамии пер чу шуд ҳирс ҷавон ме гардад
Хоб дар вақти саҳаргоҳ гарон ме гардад
Осмон дар ҳаракат аз назари равшани мост
Об аз қӯти сарчашма равон ме гардад
Рои равшани зи бузургони куҳансоли талаб
Обҳо соф дар айём хазон ме гардад
Толиби халқ агар гӯша азлат гирад
Ҳамчу домӣаст ки дар хок ниҳон ме гардад
Рутбаи ишқ ба тадриҷ баландӣ гирад
Бода чун куҳна шавад нашъа ҷавон ме гардад
Осмони хоки раҳи мардум беозор аст
Гург дар гилаи ин қавм шубон ме гардад
Ҳаркиро теғ забон нест ба фармони соиб
Оқибати куштаи шамшер забон ме гардад