Ишқи сад лухти ҷигар бар мижа тар дорад

Гиреҳ афзӯн хӯрд он ришта ки гавҳар дорад

Ошиқ онаст ки по бар сари афлок наад

Бода онаст ки хишт аз сар хам бардорад

Аз хати сабз чаҳ парвост лаби лаъли туро ?

Чаҳ зиёни мавҷ ба сарчашма кавсар дорад ?

Рашк бар кавкаби иқбол ҳубобаст маро

Ки ба ҳар чашм задани олам дигар дорад

Гиряу оҳ , гулу сабза боғ ҳунараст

Теғ дар оташ ва обаст ки ҷавҳар дорад

Ғунча дар ҷомаи худ чок задан оҷиз нест

Дили ошиқ чаҳ ғам аз торам ахзар дорад ?

Муддаӣ кист ки ҳангомаи мо сард кунад ?

Оташи мо мадад аз доман маҳшар дорад

Ҳар қадари мартабаи ишқи баланд афтода аст

Сухани соиби мо рутба дигар дорад