Хасмро ақли муқайяд ба таҳаммул дорад
Сайлро реги мусаххар ба таназзул дорад
Аз саботи қадами мо дили теғ об шавад
Сайл дар бодияи мо хатар аз пул дорад
Бас ки чашмами зи парешон назарӣ тарсида аст
Нахӯрам об азон чашма ки сунбул дорад
Ҳайрат рӯй ту аз ҳуши чаманро барда аст
Шабнами ойӣна ба пеши нафас гул дорад
Чамани оро чаҳ хаёласт ки бинад дар хоб
Ғунчаи он гӯшаи чашмӣ ки ба булбул дорад
Чархро шӯриши савдои ман аз ҷои бардошт
Тоқати сайли гаронсанги куҷо пул дорад ?
Соиби ин тозаи ғазали он ғазал шопӯраст
Ки гарон меравад он кас ки таваккул дорад