Раҳрави ишқ чаҳ пурвой муғелон дорад ?

Бихўдӣ дар таҳи пои тахт сулаймон дорад

Ин ҳамон ишқ ғаюраст ки сад Юсуф ро

Аз фаромӯшии ҷовид ба зиндон дорад

Хат ба рӯйиш чаҳ суханҳои парешон ки нагуфт

На ҳамин поси дили мӯр сулаймон дорад

Ранг бар рӯй Суҳайл аз арақ шарм намонад

Ин чаҳ рангаст ки он себи з нхдон дорад

Нофа аз чини нафаси сӯхта Эй оварда аст

Сари пайванд ба он зулф парешон дорад

Сафҳаи хоки куҷоу рақами айши куҷо ?

Ин суфол аз нафаси сӯхта райҳон дорад

Мурда хоб ғуруранд ҳарифони соиб

Кист то гӯш ба ин мурғи хуш алҳон дорад ?